Оид ба оқибатҳои нохушу нанговари аъмоли афроде, ки дар либосу сурати “озодандешони нафърасони ҷомеа” ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавияти мардум мисли каждумони зери бӯрё зарар мерасонанд, борҳо гӯшрас кардаву дар маҷаллаҳою рӯзномаҳои даврӣ чоп кардаанду дар сомонаҳои интернетӣ ҳарф мезананд. Мо аллакай медонем, ки ин наҳзативу салафиву таҳририву ихвонӣ ва думравони онҳо чӣ нияту мақсадҳои нопок доранд.
Мақсади экстремистону террористон даъват ба нооромӣ, дигаргун намудани сохти конститутсионӣ, ғасб намудани ҳокимият, тасарруфи салоҳияти он, барангезии миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ ва ғайраҳо мебошад. Сарварону масъулони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, аз ҷумла тамоми воситаҳоро ба кор мебаранд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Халалдор гаштани ҳаёти осоиштаи мардум, рехтани хуни шахсони бегуноҳ, ҳатто кӯдакон онҳоро заррае ба ташвиш намеорад.
Ҳар як ҳизб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. ҲНИ, ки як муддат авомфиребона бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро ба тарафи худ кашида буду ба мақсад нарасид, имрўзҳо шармандавор зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиааш боз мехоҳад ба арсаи сиёсат баргардад. ТЭТ ҲНИ на фақат миллати тоҷикро гумроҳ сохту фиреб дод, балки бо найрангу бузбозиҳояш дар Аврупо низ нуфузи сиёсиро ба даст оварданист.
Баъди он ки садорати ин ҳизби террористӣ аз доираи сиёсии давлатҳои Эрону Туркия ронда шудаанд, алҳол дар Аврупо бо намоиш додану паҳн кардани хабару наворҳои яктарафа худро ба оғўши САҲА партофта, ақидаҳои ғаразноку буҳтону фиребро паҳн менамояд. Ин ҳизби террористӣ, аз як тараф, мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кўшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифатдошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рўёрўйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «мусичаи бегуноҳ»-у «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад.
Айни ҳол ТЭТ ҲНИ бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона худро намоиш диҳанд.
Ин ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ бештар ба эътиқоди динии мардум таъсир мерасонанд ва мардумро бо ҳар роҳу усул бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар муқобили ақидаҳои динист. Мутаассифона, дини мубини Исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Дар як зумра давлатҳои дунё, бахусус давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзудани теъдоди фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризму экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.
Рӯҳониёну исломшиносон борҳо таъкид намудаанду худи мардум ҳам кайҳо дарк кардаанду муътақиданд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки амалеро бо номи «ҷиҳод» анҷом дода истодаанд, бо исломи асил иртиботе надорад. Бо ин амалҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафари бегуноҳро рехта, кӯдаконро бесарпаноҳу занонро ба ҳалокат расонида истодаанд.
Бино бар ин, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодаанд.
Зеро сулҳе, ки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад.
Ба мо зарур аст, ки ин соҳибистиқлоливу осудагӣ, ваҳдату сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон cap бароварда, баҳри ҳифзи кишвар аз душманон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, алайҳи афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, чунки дар ин лаҳзаҳо бетарафӣ нобахшиданист.
Иброҳими Ибодулло