Дирӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бизнес-форуми минтақавии “Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст”, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, иштирок намуд.
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ қайд намуд, ки ташкили ҳамоиши имрӯза баҳри тақвияти ҳамкориҳо заминаи воқеӣ гузошта, ҷонибҳоро итминон мебахшад, ки дар оянда баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин, ӯ омодагии вилояти Суғдро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва муштарак баён дошта, изҳори боварӣ намуд, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ дар фазои сулҳ ва дӯстона бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ муносибатҳоро таҳким бахшида, барои зиёд шудани доду гирифти молу маҳсулот хизмат мекунанд.
Дар охир миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона – шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.