Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СУТ) маълумоти наверо нашр кард, ки тибқи он беш аз 1 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон бо ихтиллоли солимии равонӣ – ихтиллоли изтироб, депрессия ва дигар нуқсонҳои равонӣ зиндагӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти СУТ, дар соли 2021 400 миллион нафар (аз 15-сола боло) аз ихтиллоли истеъмоли машрубот азият мекашанд ва дар соли 2022 беш аз 64 миллион нафар гирифтори бемории нашъамандӣ шудаанд. Дар соли 2021 қариб 57 миллион нафар аз деменсия ва беш аз 24 миллион нафар аз эпилепсия азият мекашанд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ инчунин худкуширо новобаста аз вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳама кишварҳо «сабаби асосии марги ҷавонон» меномад. Дар соли 2021 худкушӣ ҷони 727 000 нафарро гирифт. Дар гузориши ТУТ гуфта мешавад, ки талошҳои кунунӣ барои коҳиш додани маргу мири худкушӣ нокифоя аст — то соли 2030, ин рақам бо суръати ҳозира танҳо 12% коҳиш хоҳад ёфт.