Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ

08.09.2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард.

Маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод карда истодаанд.

Миллати тоҷик ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ ба зарбаи ҷонкоҳи таърих гирифтор гардид, вале ба шарофати хиради азалии худ он рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо иродаи матин ва рӯҳи қавӣ сипарӣ намуд.

Яъне дар он айёми фоҷиабор бо майлу ирода ва дастгириву пуштибонии мардуми куҳанбунёдамон хатари нест шудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик пешгирӣ карда шуд.

Миллати азизи тоҷик дар он давраи ниҳоят мураккабу тақдирсоз қаҳрамонии бемисли таърихӣ нишон дод ва ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои бостонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунсози дунё мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, сокинони кишвари мо ба истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷи хосса мегузоранд, аз ин дастовардҳои худ ифтихор мекунанд ва ин неъматҳои бебаҳои зиндагии худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандӯстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.

Ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ низ бо пешравиҳои назаррас дар иҷрои барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил мегардад.

То имрӯз мо дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёдеро амалӣ намудем.

Иқдомоти амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, болоравии некӯаҳволии мардум таъмин карда шавад.

Дар ин давра, махсусан, рушди бомарому бесобиқаи соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт таъмин карда шуд.

Аз ҷумла ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан шумораи муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот бамаротиб афзуда, танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз чор баробар зиёд гардиданд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд.

Дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон ба болоравии худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мусоидат карда истодааст.

Дар ин раванд, дар пойтахт ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо театр, қасрҳои фарҳанг, мактабҳои санъат, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат ва осорхонаҳо бунёд карда шуданд, ки ҳоло дар хизмати мардум қарор доранд.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз дар хонадони ҳар як сокини мамлакат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» мавҷуд аст.

Мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – ҳамосаи рӯҳи қудратманди миллатро низ дар ду ҷилд ба ҳар як оилаи кишвар дастрас гардонем ва ҳоло ин кор идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва рушди он барои наврасону ҷавонон ҳазорҳо иншоот бунёд карда шуданд, ки нисбат ба даврони гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.

Тайи 34 соли гузашта дар самти сиёсати хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ даҳҳо рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба вуқӯъ пайваст ва боиси болоравии нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи олам гардид.

Ҳоло Тоҷикистони азизи моро тамоми дунё мешиносад, эътироф ва эҳтиром мекунад, ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дастгирӣ ва амалӣ месозад.

Аз ҷумла бо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли 2025 мо бори дигар ба ҷаҳониён собит намудем, ки Тоҷикистон омода аст минбаъд низ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми назаррас гузорад.

Дар ин раванд, 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як ташаббуси Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қатъномаи махсусро якдилона қабул намуд.

Ҳамватанони азиз!

Дастовардҳои тайи 34 сол ноилшудаамон моро ба ояндаи ободу осудаи Ватани маҳбубамон дилпур месозанд ва дар айни замон, ба зиммаи ҳар яки мо масъулияти бузург мегузоранд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодии кишварамон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем.

Барои иҷрои ин масъулият ҳар яки мо бояд ба Ватан, миллат ва давлат содиқ бошем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем ва барои пешрафту ободии он боз ҳам бештар кор кунем ва заҳмат кашем.

Дар шароити буҳрониву бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд беш аз пеш муттаҳиду сарҷамъ бошем ва фаромӯш накунем, ки қудрату пойдории миллат дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Мо вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо баҳои бисёр гарон бадастовардаи худро эҳтиром, эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Соли оянда мо 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Бо мақсади истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги таърихӣ ҳамаи мо бояд барои созандагиву ободонии диёри биҳиштосоямон ҳарчи бештар заҳмат кашем, аз хонаву кошонаи худамон сар карда, тамоми қаламрави кишвари маҳбубамонро ободу зебо ва тозаву озода гардонем.

Бори дигар 34-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – истиқлоли давлатиро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди Ватан фараҳу шодмонӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!