Бозии рӯз: дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо Филиппин дидор анҷом медиҳад

Имрӯз тими миллии олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё — 2026 бо Филиппин вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Ин рақобат дар доираи бозиҳои гурӯҳи «К» доир гардида, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад. Оғози дидор соати 21:00 дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки дар даври аввали марҳилаи мазкур Тоҷикистон бо Непал дидор анҷом дода, бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба ба даст оварда буд. Филиппин бошад даври аввалро бо бозӣ муқобили Сурия сипарӣ намуда, ба шикаст мувоҷҷеҳ гардид. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 2 поён ёфт.

Рустам Зоиров

радиои “Тоҷикистон”