Пажўҳиши Созмони байналмилалалии ангурзорҳо собит кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мамолики Туркия ва Италия барои рушди соҳаи ангурпарварӣ мувофиқ аст. Дар гузаштаи начандон дур токпарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи сердаромад ба ҳисоб мерафт. Бо назардошти миқдори ками заминҳои обӣ аллакай солҳои 70-уми асри гузашта ангурпарварон ба азхудкунии заминҳои лалмӣ пардохта, ҳамасола то 20 тонна ҳосили ангур мегирифтанд.
Баробари ба даст овардани Истиқлоли кишвар дар қатори дигар соҳот соҳаи боғу токпарварӣ низ рушд кард. Ин соҳа яке аз самтҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар иқтисодиёти Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани буҷети давлат мавқеи устувор дорад. Токпарварони таҷрибадор аз ҳар гектар бо усули чойлоб 35 – 40 тонна ва аз ин ҳам зиёд ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ин давра дар баробари навъҳои шаҳдбори маҳаллӣ, намудҳои хушсифати хориҷӣ низ ба кишвар ворид гардиданд.
Чанде пеш бо ангурпарвари собиқадор Искандар Розиқов дар иртибот ба коркарди ангур ва то кадом андоза мутобиқ будани навъҳои интродутсионии ангур суҳбат доштем.
Зимни суҳбат ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки ангур аз баҳор то тирамоҳ ба 4-5 намуд касалӣ гирифтор мешавад, айни замон, ки ангур 4-5 барга шудааст, коркарди ангур бо заҳрхимикати «Фоликур» бо «Нурел-де» ба манфиат аст. Чун аз гул фаромад, ҳамин амал боз такрор мешавад.
Искандар Розиқов бо истифода аз собиқаи кориаш ба ин назар аст, ки пас аз як ваҷаб гаштани ангур гузаронидани хомток мувофиқи мақсад аст. Ин амал ба хотири ба танзим даровардани ҳосил ва сифати ангурбоғ роҳандозӣ мегардад.
Таҷрибаҳои Искандар Розиқов собит намуд, ки хоки Тоҷикистон зархез аст. Ин марди наҷиби ватанпарвар ба хотири гирдоварии навъҳои хушсифати ҷаҳонии ангур аз кишварҳои хориҷа навъҳои «Албика», «Пёстрий », «Мундос» «Ашки моҳтоб», «Ара-15», «Ред глоб» ва «Мун дропс»-ро ворид намуд, ки имрўз аз ҳосилаш ком ширин мекунад. Ҳамсуҳбати мо бо боварии қатъӣ мегўяд, ки ҳамаи навъҳои ба кишвар воридкардааш ба иқлими мо мутобиқ аст
Воқеан ҳам шароити хоку иқлими минтақаҳои водигию наздикўҳии кишвар барои парвариши ток хеле мусоид мебошад. Бино ба нигориши Ҳикматулло НАЗИРОВ, директори Институти боғу токпарварӣ
ва сабзавоткории АИКТ, ки матлабаш дар нашрияи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, то аввали соли равон дар ҷумҳурӣ майдони токзор дар ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ беш аз 38 ҳазору 570 гектарро ташкил дод, ки аз он 33 ҳазору 750 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич, Б. Ғафурови вилояти Суғд, шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, Данғара, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Рўдакӣ ва Варзобро барои парвариши ангур мувофиқ медонад.
Ба ангурпарварони кишвар, ки рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд, мувафаққият ва барор хоҳонем.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»