Шоми имрӯз, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар барномаи фарҳангӣ суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар, Истиқлолият ва Ваҳдат аз ҷониби сарояндагон ва оҳангсозон иҷро карда мешавад. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ 34-солагии муқаддастарин ва шарофатмандтарин ҷашни миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои сиёсатмадорону зиёиён, олимону муҳаққиқон ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудаю ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ идома дорад.
Ҳар сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинад. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ҳузурашон дар арсаи сиёсӣ тавонист идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.