5 сентябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи роҳбари навтаъйини Намояндагӣ ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарскиро қабул намудааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бобати масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Радослав Дарскиро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, дар рисолати дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.