Имрӯз аз фаъолияти Раиси Маҷлиси миллӣ натиҷагирӣ хоҳанд кард

Имрӯз 16 апрели соли 2021 ва рӯзи ҷумъа аст.

Сархатти хабарҳо

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи навбатии шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор мегардад. Расо як сол пеш, дар  иҷлосияи якуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон даъвати шашум аъзои Маҷлиси миллӣ аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии муҳтарам ­Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

15 апрел Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд. Хонум Анн Линде баъд аз мулоқот дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва ҳамкории пурмаҳсул бо САҲА миннатдории бепоёни худро изҳор медорам.

Ҳамчунин, дирӯз дар Тбилиси Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Вазири иқтисоди Гурҷистон бо мақсади фаъол намудани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бори нахуст Созишномаро дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ имзо карданд.

Муфассали хабару гузоришҳоро шумо метавонед дар сомонаи https://radiotoj.tj/ пайгирӣ намоед.

Қурби асъор

Барои рӯзи 16 апрел 1 доллар ба 11,32 сомонӣ, 1 евро ба 13,55 сомонӣ ва 10 рубл ба 1,46 сомонӣ баробар аст.

Обу ҳаво

Имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар рӯзона то +28° ва шабона то +13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ дар баъзе холатҳо борони суст борида рӯзона ҳаво то +13° ва шабона то +3° гарм мешавад.

Агентии Обуҳавошиносӣ ҳавои шаҳри Хуҷандро таёйирёбандаи бебориш гуфтааст. Дар ин минтақа ҳаво рӯзона то +24° ва шабона то +13° гарм мешавад.

Имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона то +24° ва шабона то +11° гарм мешавад.

Тақвими рӯз

Мувофиқи тақвим, 16 апрели соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-миллионаи мамлакат таваллуд шуд.

Дар ин рӯзи соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» таъсис дода шуданд.

Ҳамин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул намуд.

16 апрели соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ» фармон ба имзо расониданд.

Имрӯз дар Арманистон Рӯзи кормандони милитсия ва дар Булғористон Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия таҷлил мешавад.

Ҷадвали барномаҳо

Шунавандагони Радиои “Тоҷикистон” имкон доранд, ки дар соати 10:40 барномаи “Иҷтисод ва молия” ва дар соати 11:40 барномаи “Насли сомон” бо мавзӯи зиёд  намудани  муассисаҳои  таълимӣ дар шаҳри Душанбе бишнаванд.

Дар соати 12:15 барномаи “Нидои бедорӣ” ва дар соати 13:15 барномаи “Ёди рӯзгори ширин” пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Шумо метавонед дар рӯйи мавҷи 104,7 fm дар соати 15:10 барномаи “Радиосайёҳат” ва дар соати 15:35 барномаи “Равондармонӣ”-ро бо мавзӯи кӯдакони оворакард шунида бошед.

Ҳамкорони мо дар соати 16:15 ба таври мустақим барномаи “Ҳамдил”-ро пеш мебаранд.

Дар соати 17:10 бошад, барномаи “Шарҳи матбуот” аз навиди нашрияҳо ба мо маълумот хоҳад дод.

Ҳамин тавр то интиҳои имрӯз дигар барномаву хабару гузоришҳо дар мавҷи 104,7 fm пахш мешавад. Шумо барои огоҳии бештар аз сомонаи https://radiotoj.tj/ ва саҳифаҳои Радиои «Тоҷикистон» дар Фейсбук, Ютюб, Инстаграм, Телеграм ва Твиттер дидан намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *