Имтиёзҳои андозӣ барои ҳама воридкунундагон пешниҳод шавад (шарҳи матбуот)

Бозтоби сафари Пешвои миллат ба деҳоти Ворух, оғози даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш, афзоиши нархи гушт дар моҳи Рамазон ва даргузашти руҳонии маъруфи Тоҷикистон Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

“Ҷумҳурият”

          Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 апрел мақолае таҳти унвони “Тоҷикистон. Аз эъмори давлати миллӣ то ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ” чоп карда менависад, ки агар ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон назар андозем, на танҳо миллату давлати моро ба рӯзи саодату некӣ расонданд, балки бо роҳандозии ташаббусҳои байналмилалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ ба оби тоза, таҳкими мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хидматҳои мондагор анҷом додаанд.

    Ба маҳзи чунин ибтикороти башардӯстӣ ҷойгоҳ ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, нуфузи бештаре касб менамояд.

      Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 апрел мақолаи Нуралӣ Нурзод,  доктори илмҳои филологӣ таҳти унвони “Ҳақиқати бебаҳс. Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола бо овардани иқтисбос аз осори донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ, аз ҷумла ховаршиносони рус ва бо такя бар маъхазҳои таърихӣ собит месозад, ки Ворух  як пораи муқаддаси хоки Тоҷикистон аст.

“Садои мардум”

           Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 13 апрел аз натиҷаи муҳокимаи парлумонӣ  дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» гузориш додааст.

    Ба навиштаи ин рӯзнома тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2018 бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 миллиону 34 ҳазору 700 нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд мебошад. Соли 2019 бошад  аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар сайёҳ арзёбӣ шудааст.

   Аммо Лутфия Абдухолиқзода муовини раиси кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, ки аз теъдоди умумии сайёҳон қисми зиёдро шаҳрвандони Россия ва Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.   Яъне қисмати зиёди сайёҳон, ки шаҳрванди хориҷӣ қайд мегарданд, дар асл мардуми кишвар буда, шаҳрвандии Россияро гирифта, барои аёдати наздикон меоянд. Ба ин монанд шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба аёдати хешу табор омада, ба ҷои зист эҳтиёҷманд нестанд.

   Ба гуфтаи Лутфия Абдухолиқзода ҳарчанд таҳлилҳои оморӣ воридшавии сайёҳонро дар сатҳи баланд нишон диҳанд ҳам, ин раванд аз ҷиҳати молиявӣ ба ҷумҳурӣ манфиати кам меорад.  Бинобар ин, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонанд, — таъкид кардааст  Лутфия Абдухолиқзода.

“Тоҷикистон”

       Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 14 апрел дар саҳфаии аввали худ мақолае бо номи “Ворух анклав нест!” дар мавриди натиҷаи сафари президенти кишвар ба Исфара нашр кардааст.  Муаллифи матлаб навиштааст, ки дар ин сафар Пешвои миллатро ба фарқ аз дигар сафарҳо тули солҳои охир, рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва хориҷӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

   Ба таъкиди муаллиф моҷарои Ворух ба мисли моҷарои Роғун рӯзноманигоронро ба ҳам оварда буд. Муаллиф  суол гузоштааст, ки  чаро маҳз мушкилот водор месозад, ки ин ангуштони парешон ба мушти обдор табдил шаванд? Иллат дар чист,  будани ду равзана ва ё муносибат ба ин равзанаҳо?

    Дар баробари ин нашрияҳои “Фараж” ва “СССР” низ дар саҳафаи аввали худ аз суханронии президенти ҶТ дар назди сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара иқтибос оварда навиштаанд, ки “Ворух иваз намешавад.”

“Asia-Plus”

       Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 15 апрел зимни натиҷагирӣ аз сафар Пешвои миллат ба Исфара навишт, ки аввалан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро эълон кард, ки Ворух ҳеҷ гоҳ иваз иваз нахоҳад шуд.  Дуввум  ин ки дар ҷараёни ин сафар барои рӯзноманигорон ягон маҳдудият дар аксбардорӣ ва сабти видео набуд ва нуктаи дигари муҳим он буд, ки рӯзноманигорон бо ҳамаи нозукиҳои мушкилоти марзӣ дар маҳал аз наздик ошно шуданд.

       Ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар матлаби дигари  шумораи рӯзи 14 апрел, ин саволро матраҳ кардааст, ки сарбозшикор ё ба ибораи маъмул “облава” ба нафъи кист? Ба навиштаи нашрия бо вуҷуди қабули қонуни нав дар бораи даъвати ҳарбӣ, то ҳол муҳимтарин навовариҳо ва бартарии ин қонун аз қонуни пешин барои мардум шарҳ дода нашудааст. Инчунин масъалаи дигаре, ки боиси сардаргумӣ шудааст, номаъмул боқӣ мондани ҳаҷми маблағи озодӣ аз хизмати сарбозӣ аст.

Дар баробари ин муаллиф навиштааст, масъалаи дигари баҳсбарангез дар қонуни нав ҷалби магистрантҳо ба хизмати ҳарбӣ аст, ки дар гузашта аз то анҷоми таҳсил ба хизмат дар артиш даъват намешуданд.

“Фараж”

     Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 14 апрел ба ин савол посух ҷустааст, ки оё озодӣ аз боҷу андоз роҳи поин кардани нарх аст?. Масъуд Собиров иқтисодшиноси тоҷик ба ин нашрия гуфтааст, ки дар баробари ширкатҳои воридкунанда бояд ба корхонаҳои истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар дохили кишвар имтиёз дода шавад.

     Аз сӯи дигар Пайрав Чоршанбиев таҳлилгари масоили иқтисодӣ гуфтааст, ки додани имтиёз ба ширкатҳои ҷудогона барои воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сухти нафтӣ, рақобати солим дар бозорро аз байн мебарад. Бинобар ин агар ҳадаф поин кардани нархҳо аст, бояд ба ҳамаи ширкатҳои воридкунананда имтиёзҳои андозӣ пешниҳод карда шавад.

“Пайк”

      Нашрияи “Пайк” дар шумораи рӯзи 15 апрел дар мақолае бо номи “Саду як мушкилоти идораи беҳдошти замини ноҳияи Ёвон” навиштааст, ки аз 26 ҳазору 824 га заминҳои ноҳия бо сабаби баланд гардидани обҳои зеризаминӣ наздики 3 ҳазор гектар дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.

     Дар баробари ин беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Ёвон аз пули барқ беш аз 15 млн сомонӣ ва идораи андоз 573 ҳазор сомонӣ қарздор аст.  Инчунин ба далели камбудии маблағгузорӣ 1115 км заҳбурҳои болопушида дар ноҳияи Ёвон солиёни зиёд тоза карда нашудаанд ва дар ҳолати ногувор қарор доранд.

Давлатов З.,

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *