«Кайфар»- таҳти чунин унвон матбааи «Истиқлол» китоби рӯзноманигор ва нависанда Диловар Мирзоро нашр намуд, ки он аз ҳаёт ва рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди фарзонаву баруманди миллати тоҷик, нахустин роҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1881-1937) ҳикоят мекунад.
Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон– Қаҳрамони Тоҷикистон буда, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Россия- солҳои 1905-1907 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ – демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад.
Аз соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси комиссияи фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. Дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх- 1 декабри соли 1926 Нусратулло Махсум якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор намудааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП фиристода шуда, дар академияи банақшагирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд. Нусратулло Махсум моҳияти сохти навро ба хубӣ дарк мекунад ва ҳамчун сиёсатмадор ба воя мерасад. Н.Махсум ба ҳайси роҳбари ҷумҳурии мухтор бо вуҷуди муборизаи сахт бо ҳаракати мухолифин тамоми донишу маҳорати худро ба ду самт – ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба муборизаҳои яроқнок сафарбар намудааст. Маҳз бо саъю талоши Нусратулло Махсум дар ҷумҳурӣ асосҳои сохтори нави давлатдорӣ пурра бунёд карда мешаванд ва оммаи меҳнаткашон ба ҳаёти осоишта шурӯъ мекунанд. Ӯ бо якчанд мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени «Байрақи Сурх» мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуд.
27 июни соли 2006 хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадр гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар ин рӯз, ҳангоми таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт нимпайкараи Нусратулло Махсум ифтитоҳ гардид.