Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Русланом Казакбаев дар ҳошияи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ сурат гирифта, ҷонибҳо вобаста ба масъалаи ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ, иҷтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табодули назар намуданд. Гуфта мешавад, ки дар ин дидор вазирон ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Вазирон зарурати истифодаи самарабахш ва пурраи имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро қайд карданд. Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон зарурати идомаи раванди гуфтушунидро дар асоси ҳуҷҷатҳои гузаштаи расмиёти конститутсионӣ, инчунин риояи ҷонибҳо ба қоидаҳои мувофиқашудаи пӯшонидани натиҷаҳои мулоқотҳо тибқи Низомнома дар бораи ташкили кор ва тартиби гуфтушунидҳо дар бораи делимитатсияи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро иброз дошт.

Ба дасти Радиои “Тоҷикистон” дар ин мавзӯъ маълумоти бештар нест ва дар зудтарин фурсат ин хабар такмил дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *