Шиддатнокии офатҳои табиӣ зиёд шудааст

Имрӯзҳо тағйирёбии иқлиму вайроншавии муҳити зист яке аз масъалаҳои актуаливу глобалии ҷаҳони муосир ба шумор меравад.

Биноба таҳқиқоти олимон дар пайи вайроншавии муҳити зисту халал ёфтани қабати озон дар атмосфераи Замин зиёдшавии селаи нурҳои ултрабунафш ба сатҳи замин зиёд ба чашм мерасад, ки ин барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо хатарнок мебошад. 1 % кам шудани миқдори озон боиси 2 % афзудани бемории саратони пӯсти одамон ва суст шудани масунияти онҳо мегардад. Гузашта аз ин афзоиши шиддати афканишоти ултрабунафш омили аслии  камшавии ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва рӯйи кор омадани ҳаргуна офати табиӣ мебошад.

Бино ба боварии коршиносон тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба иллати тағйирёбии иқлим то як ҳазор пирях ба нобудӣ расида, давоми 5-6 соли охир бошад, шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳамчунин  дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвари мо то 1 дараҷа баланд гардида, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки дар пайи он имкониятҳои кишвар барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш меёбад, зиёд гардидаанд.

Абулқосим Муъминов-сардори шуъбаи агрометереологии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста батағйирёбии иқлим «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи солҳои 2020-2030» қабул гардид, ки дар доираи он ҳолати таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ омӯхта мешавад.

Дар замони муосир, ки тағйирёбии иқлим бармало мушоҳида мешавад, деҳкононро мебояд, ки ҳар як қатра обу ҳар як ваҷаб замини ҳосилхез самаранок истифода баранд. Ба ақидаи Абулқосим Муъминов-сардори шуъбаи агрометереологии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи усулҳои нав-аз ҷумла технологияи муосир ҳангоми коркарди агротехникаи парвариш дар ҳамин шабу рӯз ба маврид аст.

Солҳои охир асари тағйирёбии иқлиму офатҳои вобаста ба он дар минтақаву кишварҳои мухталифи дунё зиёд мушоҳида мешавад.  Агар дар ин давра  қисмати Аврупоро хушксолии гӯшношунид фаро гирифта бошад, қисмати Осиёро бошад, обхезиҳои  ҳангуфт ба таҳлука овард.  Ҳамсуҳбати дигари мо Қурбоналӣ Партоев-доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки  дар шароити кунунӣ деҳқононро мебояд, ки аз таҷрибаи ҳамдигар истифода кунанд ва олимонро зарур аст, ки  ба хотири пешгирӣ аз хисороти камборишӣ ва хушксолӣ навъҳои нави ба гармӣ тобоварии дилхоҳ зироатро ба даст оранд.

Воқеан ҳам чорасозии кишоварзон дар ҳамкори бо олимони соҳа метавонад, барои бартарафсозии ҳолати ногувори баамаломада мусоидат намояд. Ба ибораи дигар агар замин, об, иқлими табиат ва дастовардҳои илмии олимони собиқа дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода шавад, ҳамагуна мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ бартараф мегардад.

Муродулло Раҳимов, радиои «Тоҷикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *