192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.
Ин иқдом бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати ҷаҳон истифода бурда мешавад.
Тавре дар сомонаи «Ховар» гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.
Бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.