Имрӯз дар Китобхонаи миллии кишвар Конференсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Конференсия ба муносибати 25 солагии барориши пули миллии сомонӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар конференсия Хоким Холиқзода муовини якуми сарвазири мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки имрӯз пули миллии сомонӣ натанҳо воситаи муомилот, инчунин он нишонаи давлатдорӣ, асоси сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва омили муҳими рушди иқтисодию сиёсии кишварамон мебошад.
Дар идомаи конференсия Қобилҷон Хушвахтзода президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки пули миллии имрӯзаи кишварамон сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ дар худ таъриху фарҳанги деринаамонро дар симои шахсиятҳои бузург таҷҷассум намуда, мояи ифтихор ва эҳтироми миллати тоҷик мебошад.
Ҳамчунин дар конференсия Неъматулло Ҳикматуллозода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ суханрони карда гуфт, ки аз замони ба муомилот баровардани пули сомонӣ то имрӯз сиёсати пулию қарзии кишвар марҳилаҳои муҳимро аз сар гузаронидааст. Имрӯз сомонӣ на танҳо дар шакли қоғазӣ, инчунин дар шакли электронӣ гардиш намуда, устувории худро нигоҳ медорад.
Бояд гуфт, ки пули миллии сомонӣ дар марҳилаи нави давлатдории миллатамон, аз 30 октябри соли 2000 — ум ба муомилот бароварда шуда, он ҷиҳати арҷгузорӣ ба нахустин давлати мутамаркази Тоҷикон Сомониён, сомонӣ номгузорӣ шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
