Тавре қаблан хабар дода будем, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» 14 варзишгари тоҷик иштирок карданд.
Аз натиҷаи ин мусобиқа Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар дод, ки дар мусобиқа 497 варзишгар (296 мард, 201 зан) аз 71 давлат ширкат намуданд ва аз миёни варзишгарони Тоҷикистон Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Шаҳбоз дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Булғория Янислав Герчев, дар даври сеюм бар намояндаи Белорус Артем Коласау пирӯз шуд, вале дар чорякфинал қувваозмоиро бар варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов бохт. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвилии гурҷӣ ғолиб омада, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Комрон Нуралиеви мизбон мағлуб гардида, ҷои панҷумро ишғол кард.
Темур Раҳимов бошад, то ҷои панҷум расидан дар даври дуюм бар Ричард Сипоз (Маҷористон), дар даври сеюм бар Адам Окруашвилӣ (Гурҷистон) ва дар даври тасллобахш бар Мартти Пумалаинен (Финландия) дастболо шуда, дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагуера, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Олмон Эрик Абрамов шикаст хурд.
Ҳамин тавр, бо ду ҷои панҷум тими ҷудои Тоҷикистон миёни 71 давлати иштирокчӣ ҷои 25-умро ишғол кард. Варзишгарони Ҷопон бо 9 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро гирифтанд. Муғулистон бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 1 нуҷра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз натиҷагирии Гранд Слами Тошканд мавқеи варзишгарони мо дар радабандии олимпӣ тағйир ёфт ва Темур Раҳимов аз ҷойи 21 ба ҷои 20 ва Комроншоҳ Устопириён аз ҷои 25 ба ҷойи 24 гузаштанд, аммо Сомон Маҳмадбеков 2 зина қафо гузашта, аз ҷои 15 ба ҷои 17 рафт.