Тавре аз Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ шаҳри Ваҳдат ба Радиои Тоҷикистон хабар доданд, бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи падару модарон ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ дар муассисаи тозабунёд 480 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, даргоҳи нави маърифат дорои 16 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи назорати камеравӣ ва бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои муассисаи таълимии мазкур ба 35 адад расида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафт.
Инчунин аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба шахсоне, ки саҳми арзандаи худро дар ин амалӣ хайр гузоштаанд бо сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»
