Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба ТАСС хабар додааст, ки Россия ба Тоҷикистон дар бораи ваксинаи «Спутник V» маълумотнома додааст.
Ба иттилои Наврӯз Ҷаъфаров маълумотномаи ваксинаи «Спутник V» тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шудааст ва онро як гурӯҳи кории махсус омӯхта, сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад. Ба навиштаи “Ховар” сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ иброз доштааст, ки ҳоло Тоҷикистон ваксинаи Pfizer (ИМА)-ро омӯхта истодааст ва инчунин иттилоъ дар бораи ваксинаи AstraZeneca (Бритониё)-ро интизор аст.
«Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард – таъсирнокӣ ва бехатарии ваксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад»,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.