Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои бойи табиӣ дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ мебошад. Солҳои охир дар минтақа ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор, бунёди иншооти хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба гуфтаи Навҷувонова Муяссара, сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии ВМКБ, дар панҷ соли охир дар натиҷаи корҳои созандагиву ободонӣ дар қаламрави вилоят беш аз 100 иншооти хурду бузурги соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд.

«Аз ҷумлаи мавзеъҳое, ки бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ қарор мегиранд, Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Осорхонаи вилоятӣ мебошанд. Ин мавзеъҳо барои шиносоии меҳмонон бо табиат, имкониятҳои илмӣ ва мероси фарҳангии минтақа аҳамияти хос доранд», — иброз дошт Навҷувонова Муяссара.

Таваҷҷуҳ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва бунёди иншооти нав на танҳо барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, балки барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ВМКБ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Идомаи чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат намояд.

Анисаи Иқболшо