Имрӯз дар Театри миллии Тоҷикистон Форуми II байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдори Тоҷикистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Корея, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Беларус, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Форум бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ҳамзамон, баргузории чунин ҳамоиш барои муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон, натиҷаҳои фаъолияти 20-солаи мақомоти соҳавӣ ва муайян намудани дурнамои ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия замина фароҳам меорад.
