Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як қатор лоиҳаи қонунҳо баррасӣ гардиданд

Дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум як қатор масъалаҳои муҳими қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода баргузор шуда, вакилони мардумӣ лоиҳаи қонунҳоеро баррасӣ карданд, ки ба сиёсати аграрӣ, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории кишвар дахл доранд.

Аз ҷумла, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятӣ, қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуда, зарурат ва аҳаммияти тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо шарҳ доданд.

Қабули қарорҳо вобаста ба лоиҳаҳои баррасишуда ба такмили заминаи ҳуқуқии соҳаҳои гуногун ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардидааст.