Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок карда, дар нишасти умумии он таҳти унвони «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, такмили механизмҳои таъмини амният ва тақвияти муколамаи созанда миёни давлатҳоро муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии вазъи геосиёсии ҷаҳон муқовимати муассир ба хавфу таҳдидҳои муосир тақозо мекунад, ки давлатҳо талошҳои худро ҳамоҳанг сохта, барои ҳалли масъалаҳои амниятӣ равишҳои муштаракро роҳандозӣ намоянд.
Дар доираи ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва саҳми созмонҳои минтақавӣ дар ҳифзу таҳкими суботи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
