Мушкилоти роҳҳо бартараф мешаванд

То нисфирӯзии имрӯз зиёда аз 850 тонна намаки техникӣ дар ҳудуди роҳҳои ноҳияи Сино пошида шуд.

Дар ин бора аз муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино ба Радиои “Тоҷикистон” хабар дода, илова намуданд, ки баъри тоза намудани роҳҳо 1450 нафар корманди муассиса аз соати 3 корро шурӯъ карда, то нисфирӯзии имрӯз зиёда аз 850 тонна намаки техникӣ дар ҳудуди роҳҳои ноҳия пошидаанду 50 адад техникаҳо баҳри тоза кардани роҳҳои нақлиётгард равона шудаанд.

Қаблан ҳам Агентии обуҳавошиносии кишвар огоҳ карда буд, ки имрӯз ва погоҳ дар Тоҷикистон ҳаво тағирёбанда буда, барф меборад. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар маслиҳат медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Ҳангоми боридани барфи тар агар шумо дар кӯча бошед, ба симҳои барқ диққат диҳед ва агар дидед, ки ҷойе сим аз вазнинии барфи тар ва ё боди сарду сахт канда шудааст, ҳатман ба хадамоти кумаки фаврӣ муроҷиат намоед. КҲФ ба ронандаҳо муроҷиат мекунад, дар сурати яхбандӣ, ҳавои пурборишу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд ва хуб мешуд агар аз сафарҳои безарурат даст кашанд.

Ғоибов С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *