МАРЯМБОHУИ ФАРҒОНӢ-АВВАЛИН ЗАН ДАР САФИ НАВИСАНДАГОНИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

70-СОЛАГИИ ИН АДИБ БО ҲАМОИШИ АДАБӢ ТАҶЛИЛ ШУД

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ ҳамоиши адабӣ баргузор гардид. Дар он адибон, муҳаққиқон ва намояндагони соҳаи фарҳанг иштирок намуда, аз фаъолияти эҷодӣ ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди адабиёти миллӣ ёдовар шуданд.

Ба гуфтаи таърихшинос Муҳаммадуллоҳи Табари, Марямбонуи Фарғонӣ аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик буда, яке аз аввалин занонест, ки ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ба андешаи ӯ, фаъолияти пурсамари эҷодии адиб дар ташаккул ва рушди адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хос дорад.

Муҳаққиқ Абдурауф Муродӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки осори Марямбонуи Фарғонӣ дорои арзиши баланди адабӣ буда, то имрӯз таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, асарҳои адиб бо мазмуну муҳтавои худ аҳамияти тарбиявию маърифатӣ дошта, дар тарғиби китобхонӣ низ саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамзамон, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ба дастовардҳои эҷодии адиб таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки Марямбонуи Фарғонӣ барои фаъолияти адабиаш ба Ҷоизаи байналмилалии Борис Пастернак сарфароз гардидааст. Ин дастовард нишонаи эътирофи эҷодиёти ӯ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокдорон доир ба арзиши бадеии осори Марямбонуи Фарғонӣ, нақши ӯ дар адабиёти миллӣ ва таъсири эҷодиёташ ба наслҳои хонандагон изҳори андеша карданд. Таъкид гардид, ки омӯзишу тарғиби мероси адабии адиб барои шинохти беҳтари адабиёти муосири тоҷик аҳамияти муҳим дорад.