Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми дуюми байналмилалии забони русӣ таҳти унвони «Учу великому», ки аз 9 то 12 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, иштирок доранд.
Дар ҳамоиши мазкур беш аз 150 нафар омӯзгорони забони русӣ, олимон, мутахассисони соҳаи методикаи таълим ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин форум дотсенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ, доктори илмҳои филология Сабоҳат Алламуродова ва донишҷӯ Имомзода Ҳадия Хотам, ғолиби олимпиада, намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар доираи барномаи озмунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар чорабинӣ интихоб шудаанд.
Дар рӯзи аввали форум омӯзгорони ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Сербия, Тунис ва Покистон, таҷрибаи омӯзиши забони русиро дар муассисаҳои таълимии кишварҳои худ муаррифӣ карданд.
Интизор меравад, ки то 11 ноябр иштирокдорон масъалаҳои марбут ба усулҳои муосири таълими забони русӣ, табодули таҷриба ва таҳияи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намоянд.
