ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ «ТОҶИКИСТОН — 2026» ИФТИТОҲ ГАРДИД

12 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Душанбе Экспо» и шаҳри Душанбе, ифтитоҳи навбатии Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон 2026» баргузор гардид.

Ташкилкунандаи намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ муаррифии доираи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, воридкунандагон ва паҳнкунандагони маҳсулот, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Кирғизистон, Узбекистон, Эрон, Покистон ва Чин маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Иштирокчиён маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ ва саноати вазнинро муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳ то санаи 14 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт.

Ш. Аҳмад