Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба кори худ оғоз бахшид. Дар ин марҳила 562 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои кишвар барои нишон додани донишу маҳорати китобхонии худ рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуда, нақши китобхониро дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рушди тафаккури насли наврасу ҷавон муҳим арзёбӣ кард.
Қобили зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 баргузор мешавад. Он дар ин муддат ба яке аз иқдомҳои муҳими фарҳангиву маърифатии кишвар табдил ёфта, барои кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти худшиносии миллӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ замина фароҳам овардааст.
