Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (МҲО) дар ҷаласаи XVII-и худ масъалаи “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”-ро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколама табодули афкор сурат гирифт. Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
ВКХ бо нашри як хабар қайд намудааст, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин зимни баромад, ки маҷозӣ баргузор гашт, мавқеи кишвари моро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳаммияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Дар хотимаи нишаст санади поёнии Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё – Эъломияи Анкара қабул гардид.