Паёми “Тоҷикистон”: Номи якқатор шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳаи кишвар иваз шуд

Имрӯз 22-юмин рӯзи соли 2021 – 22 январ, рӯзи ҷумъа мебошад.

Обу ҳаво

22 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе резиши борон бо гузариш ба барф, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1°, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар НТҶ низ ҳамингуна шуда, дар водиҳо шабона ва рӯзона -4+1°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва рӯзона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13° хунук мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво шабона ва рӯзона 0-5° хунук дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 6-11° хунук мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар шарқи вилоят шабона 20-35° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 28-33° хунук, рӯзона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук мешавад.

Ба иитилои Агентӣ дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 0-2 гарм рӯзона 0-2° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона -1+4° гарм рӯзона -4+1°, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Қурби асъор

Барои рӯзи 22 январи соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон  1 доллари ИМА-ро ба 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7419 сомонӣ ва 1 рубли русиро баробар ба 0.1527 сомонӣ муқарар кардааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

 22 январи соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд;

Дар ин рӯзи соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд;

22 январи соли соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд;

Ҳамин рӯзи соли 2018 хабар дода шуд, ки бар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Имрӯз Рӯзи кормандони гумруки Тоҷикистон аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии зиёда аз 120 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик ба як ниҳоди нақшгузори иқтисодиёти мамлакат табдил ёфта, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *