Ахбори ВКД: Тасарруф ва сохтакории ҳуҷатҳо

Сохтакории ҳуҷатҳо

Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Кушониёнро бо гумони сохтакории ҳуҷатҳо дастгир карданд.

Таҷибоев Ибодулло ва Нематуллоев Зарифҷон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ машғул буда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА ”Амонатбонк” оид ба пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд.

Ба иттилои ВКД дар натиҷа 7 ҳолат ошкор карда шуда, маводҳо ба Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон пешниҳод гардида, нисбати номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тасарруф

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ 3 январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Борбади пойтахт назди тарабхонаи «Халиф» дар дохили автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро», бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасти писари 5-сола телефони мобилии тамғаи «Самсунг 4-2» – ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гумонбар, инчунин 17 январи соли 2021 дар кӯчаи Гипроземи пойтахт назди бозори «Деҳқон» аз дасти ноболиғи 8-сола бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи «Хонор 7-А» – ро тасарруф намудаааст.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКД дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди дигаре бо гумони ғайриқонунӣ бурдани нақлиёт дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки 19 январи соли 2021 гумонбар дар ҳолати мастӣ бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Солярис” мутаалиқ ба як мусофиркашонро ҳай карда бурдааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳои болозикр тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *