Криштиану Роналду бо задани голи 760-умини худ рекорди Йозеф Биканро шикасту беҳтарин нишонзан дар таърихи футбол шуд.
Тавре сомонаҳои варзишӣ навиштаанд, ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду голи 760-уми карйераи худро дар Суперҷоми Италия бо “Наполи” зад ва рекорди мутлақ аз рӯйи шумораи голҳоро, ки ҳамлагари Чехословакия Йозеф Бикан бо задани 759 гол дар солҳои 1931 – 1955 зада буд, шикаст. Бояд гуфт, ки баъд аз Йозеф Бикан Пеле меистад, ки 757 гол ба самар расонидааст.
Криштиану дар ҳайати “Спортинг”, “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид” ва “Ювентус” ва инчунин дар мунтахаби Португалия 1036 бозӣ анҷом додааст.