Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Агар марди деҳқон аз фарҳанги баланди кишоварзӣ огоҳ бошаду ҳар як порча заминро самаранок истифода кунад, ҳатман бозори истеъмолӣ ғанию дастархонаш пур аз нозу неъмат мегардад.
Чӣ бояд, кард то дар шароити кунунӣ, ки бемории сироятии коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаасту ба иқтисодиёти дилхоҳ кишвар таъсири амиқ гузоштааст, замин самаранок истифода шавад? Дар ин маврид профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Раҳмонқул Раҳматуллоев мегӯяд, ки пеш аз ҳама дар ин самт корҳои агротехникиро тибқи меъёр роҳандозӣ намуд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки агар тухмӣ мувофиқи матлаб бошаду корҳои агротехникӣ тибқи меъёр ҷараён гирад, ҳам замин самаранок истифода мешаваду ҳам деҳқон нафъи бешумор ба даст меорад.
Воқеан ҳам, ҳосилнокии баланди зироати кишоварзӣ дар баробари корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Инро таҷриба собит намудааст. Яъне, агар тухмӣ ба иқлими минтақа мувофиқ набошад, хосили дилхоҳ ба даст намеояд.
Ҳамсуҳбати мо коршинос Раҳмонқул Раҳматуллоев мегӯяд, ки “навъҳои маҳаллӣ нисбат ба навъҳои гибриди воридшудаи хориҷӣ бамаротиб беҳтаранд. Мо набояд аввалият ба тухмиҳои хориҷӣ диҳему ба он кишварҳо вобаста шавем, балки соҳаи тухмипарварии ватаниро рушд бидиҳем”.
Нури офтоб, боду ҳаво ва обу ғизо барои самаранок истифода бурдани замин мусоидат мекунад. Таъмини обу ғизо аз кишоварз вобастагӣ дорад. Ба андешаи профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Раҳмонқул Раҳматуллоев агар барзгар дар самти таъмини обу ғизо коҳилӣ кунад, на замин самаранок истифода мешаваду на ҳосили баланд ба даст меояд.
“Имрӯз-мегӯяд-ҳамсуҳбати мо баъзе аз деҳқонон заминро чунон обёрӣ мекунанд, ки қабати ҳосилхезаш шуста мешавад. Аз ин рӯ дар ин самт истифодаи технологияи муосир ба манфиат буда, аз омилҳои аслии рӯёнидани ҳосили хуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад».
Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021-ум беш аз 270 миллион сокини сайёра ба мушкилоти ғизоӣ мувоҷҷеҳ мегардад. Дар чунин вазъияти ногувор истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёндани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозори мамлакатро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.
Набояд фаромӯш кард, ки дастархони пур аз нозу неъмати ҳар як сокини кишвар ба истифодаи оқилонаи замин рабт дорад. Бинобар ин, донистани фарҳанги баланди заминдорӣ ба худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, мусоидат мекунад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»