Ҷо Байден фармонҳои Трампро бекор кард

РИА Новости: 46-умин президенти ИМА Джо Байден пас аз маросими савгандёдкунӣ, ки дирӯз баргузор гардид, қароре ба имзо расонид, ки тибқи он фармони президенти қаблии ИМА Доналд Трамп дар бораи манъи сафари сокинони  баъзе аз кишварҳои мусалмонӣ ба ИМА бекор карда шуд. Ин фармон ба шаҳвандони 7 кишвар таалуқ дошт.

Инчунин, сохтмони девор миёни ИМА ва Мексика манъ карда шуд ва реҷаи фаъоли ҳолати фавқулода дар сарҳади Амрико бо Мексика бекор гардид.

Хотирасон мешавем, ки Ҷо Байден пас аз маросими савгандёдкунӣ аз аввалин ҳуҷҷатҳое, ки ба имзо расонид, ин ба узвияти СУТ ва Созишномаи Париж оид ба иқлим баргардонидани ИМА буд.

Холиқзода М.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *