Омӯзгори деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Қурбонов бинои маркази хизматрасонии худро осорхона ва китобхона кардааст.
Тавре корманди Радиои «Тоҷикистон» Дилшод Алсамадов пас аз боздиди онҷо дар саҳифаи Фейсбукии худ навиштааст, ин омӯзгори собиқадор иқдоми худро, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гирифта шудааст, саривақтӣ медонад. Зеро ҳам осори ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оранд.
Ошёнаи аввали бино аз истгоҳ ва китобхона иборат мебошад, ки дар ҳолатҳои сармо ё гармӣ мусофирон метавонанд аз он истифода намоянд. Дар қисмати дигари ин ошёна рафъҳои китобу маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо бо чанд забон дида мешавад. Абдураҳмон Қурбонов кӯшиш дорад, ки дар оянда рафҳои китобхонаро бо адабиёти зарурӣ пурра намояд.
Дар ошёнаи дуюм бошад, осорхона ҷой гирифтааст, ки аз ёдгориҳои асри 9-10 ва қабл аз он, инчунин замони истиқлоли давлатӣ пур мебошад. Муаллиф бо такя ба гуфтаҳои Қурбонов А. нигоштааст, ки як қисми бозёфтҳои дохили осорхона бо маблағи худӣ харидорӣ шуда, боқимонда туҳфаи шахсони алоҳида аст. Мавсуф талош дорад, ки шумораи бозёфтҳоро дар осорхона бештар кунад.