Темур Раҳимов – варзишгари тоҷик дар вазни +100 кг дар аввалин рақобаташ дар “Мастерс”-и Доҳа ба пирӯзӣ даст ёфт.
Ба навиштаи расонаҳои варзишӣ ин паҳлавони тоҷик рақибаш аз кишвари Австрия – Стефан Ҳейгиро дар “голден-скор” бо иҷрои “окури-аши” сарафканда кард. Акнун Темур Раҳимов дар даври дуюм бо варзишгари исроилӣ Ор Сассон нерӯ месанҷад.
Бояд гуфт, ки дар ин даври мусобиқа Сомон Маҳмадбеков бо чемпиони Гран При Будапешт-2019 Акил Гяков аз Косово ҳунарнамоӣ карда, дар вақти изофа Акил Гяков бо бартарияти як имтиёз ба даври дуюм роҳ ёфт. Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз рақиби худ Виктор Стерпу – қаҳрамони феълии Аврупо дар даври якуми мусобиқаи Мастерс мағлуб шуд. Тавре сомонаи “Варзиш” мегӯяд, рақобатро Беҳрӯз хело хуб оғоз кард, аммо Виктор Стерпу паҳлавони тоҷикро буғӣ карда, роҳхати даври дуюмро ба даст овард.