Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” ҷамъбаст гардид.
Дар ин озмун, ки 11 январи соли ҷорӣ оғоз гардида буд, 5 нафар довталаб байни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа Зумратов Азизбек-омӯзгори фанни химия аз литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дониста шуд.
Тавре корманди маркази матбуотии Вазорати маориф дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи Радиои “Тоҷикистон” тасдиқ намуд, ҷойи дуюмро Ҷалолова Дилором-омӯзгори фанни биология аз муассисаи таълимии махусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойҳои сеюмро Турсунзода Некрӯз-омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб ва Наврӯзбекова Сайлӣ-омӯзгори фанни забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ соҳиб шуданд.
Бояд гуфт, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.