Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»-ро эълон намудааст.
Ба иттилои манбаъ дар озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо пешниҳоди матолиби худ вобаста ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори он, истифодаи устувори захираҳои обию энергетикӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мавзӯъҳои вобаста иштирок карда метавонанд. Асарҳои ба Озмун пешниҳодшаванда бемаҳдудият метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ омода карда шаванд. Вале, тавре дар сомонаи Маҷлиси намояндагон омадааст, маводҳои пешниҳодшуда бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет ба оммаи васеъ дастрас шуда бошанд. Нусхаҳои онҳо бо ариза ва ишораи «Ба Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» дар коғази андозаи А4 ва ҳуруфи Times New Roman Tj бо нишон додани ному насаб, суроға, суроғаи электронӣ ва телефонҳо бояд ба Комиссияи экологӣ ирсол карда шаванд. Комиссияи экологӣ метавонад асари ба Озмун пешниҳодшударо дар сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷой диҳад.
Озмун дар як давр, аз 1-уми июли соли 2020 то 1-уми июни 2021 гузаронида, дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист (5 июн) ҷамъбаст хоҳад шуд.
Ғолибони Озмун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои ғолибон чунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудаанд:
– ҷои якум – 5000 сомонӣ (1 ҷой);
– ҷои дуюм – 3500 сомонӣ (2 ҷой);
– ҷои сеюм – 2000 сомонӣ (5 ҷой).
Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» мебошанд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42.
Телефон: (+ 992 37) 221-23-36. Е-mail: ecocomission@yandex.ru. koe@parlament.tj