Баррасии Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо бо Эрон

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон барои бозори меҳнатро баррасӣ намуданд.

Ба навиштаи вазорат Ширин Амонзода бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ, тақвияти корҳо дар самти касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисон барои бозори меҳнат ва табодули таҷрибаи тарафайнро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот, лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *