Дирӯз Тоҷикистону Миср густариши ҳамкорҳо дар соҳаҳои сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар доданд, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Устондори Синои Ҷанубӣ Холид Фуда мулоқот намуда, масоили ҳамкорӣ бо ин устони Миср, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва устони мазкур баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар бораи роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гардишгарӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат табодули назар сурат гирифт.
Як рӯз қабл аз ин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҷамъиятӣ бо Русия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарокати Шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон, вакили Бундестаг Йоҳанн Заатҳофф мулоқот карда, пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафир аз дипломати олмонӣ даъват намуд, ки ҳангоми таҳияи стратегияи миллии сиёсати хориҷӣ дар соҳаи манбаъҳои ҷойгузини энергияи таҷдидпазир ва истеҳсолоти созгор бо муҳити зист зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шавад.