Беш аз 15 ҳазор сокинони Суғд ба ҷойи кор таъмин шуданд

Дар соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 107 корхонаи нав бо 1570 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд маълумот мунташир карда қайд намудааст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар соли гузашта корхонаҳои саноатии вилояти Суғд якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 15 миллиарду 401,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2019 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 117,4 фоизро ташкил кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *