Ба гуфтаи директори Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳайл дар вақти ғуруби 21 декабр ҷуфт мешаванд. Ин ҳодисаи нодириест, ки олимон ва дӯстдорони илми астрономия онро солҳои зиёд интизор буданд.
“Дар Тоҷикистон пайвастшавии наздиктарини онҳоро дар қисми ҷанубу ғарбии осмон наздик ба уфук баъди ғуруби Офтоб мушоҳида кардан мумкин аст. Аз сабаби он, ки масофаи зоҳирии байни Муштарӣ ва Зуҳайл камтар аз 1 дараҷа мешавад, бо чашми одӣ фарқ кардани онҳо мушкил мегардад. Сабаби дигар – ин равшании Муштарӣ аз дурахшонии Зуҳал зиёдтар аст ва барои дар ҷудоӣ мушоҳида кардан асбобҳои махсус ба монанди дурбин зарур аст», қайд намудааст мусоҳиби «Ховар».
Ин ҳодисаи астрономиро гурӯҳи астрономҳои ҷаҳон кушиш доранд, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ YouTube-зинда пахш намуда аз ҷараёни он астрономҳо аз тамоми ҷаҳон назари худро иброз намоянд.