Имрӯз 21 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2020 аст.
Обу ҳаво
Ҳаво дар шаҳри Бохтар тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар худи вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 0-5 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ВМКБ имрӯз ҳаво абрнок буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят баъзан ҳолатҳо барф борида, дар шарқи вилоят эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 0-5° хунук, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 25-30° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта аз 5-10° хунук то 13-18° хунук мешавад. Дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ бошад, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Коршиносони Агентии обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаворо дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ карда, ҳарорати ҳаво дар водиҳои ин минтақа шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 6-11 хунук), рӯзона 0+5° гарм, (дар ноҳияи Лахш то 1-3° хунук) мешавад. Ддар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар НТҶ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 6-11 хунук), рӯзона 0+5° гарм, (дар ноҳияи Лахш то 1-3° хунук) мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА – 11,3000 сомонӣ;
1 евро – 13,8380 сомонӣ;
Ва 1 рубли русӣ ба 0,1527 сомонӣ баробар аст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурб бидуни ӯҳдадории БМТ дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
– 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»–ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд;
– Дар ин рӯзи соли 2015 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»–и Душанберо, ки то даври финалии Ҷоми КФО – 2015 баромад, дастаи соли Тоҷикистон эълон кард;
– Соли 1965 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба бартарафсозии ҳамаи намудҳои табъизи нажодӣ қабул намуд;
– 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойчон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд. ИДМ бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии онҳо таъсис дода шуд. Иттиҳод (ИДМ) дар марҳилаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.
Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо фаъолияти воқеии худ, аҳамиятнокӣ ва устувориашро собит менамояд. Пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо ва низоми равобити муштарак дар иқтисод, соҳаи фарҳанг ва таҳкими суботу амният роҳандозӣ шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироки худ дар фаъолияти созмони минтақавии ИДМ аҳамияти хоса медиҳад.