Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои барандагони озмуни ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гарид.
Дар чорабинии мазкур дар баробари эълон ва қадрдонии ғолибони номинатсияҳо, ҳамзамон, барандаи шоҳҷоизаи озмуни мазкур эълон шуд. Шоҳҷоизаро хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент Насриддинова Раъно сазвор шуд.
Ғолибон аз рӯи номинатсияҳо аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб шуданд. Ба барандаи “Шоҳҷоиза” 60 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ёдрас мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имсол бори дуюм аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Шоҳҷоизаро ба барандаи он Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа супорид.
Раъно Насриддинова дар суҳбаташ бо расонаҳо, махсусан Радиои Тоҷикистон гуфт, тавре ваъда дода буд, ҷоизаи пулиеро, ки аз озсун ба даст овард, барои сохтани китобхона дар деҳааш сарф хоҳад кард.
Ин хонандаи мактаб, ки ҳудуди 800 китобро мутолиа кардааст, дар даври ниҳоии озмун бисёр донишмандона суҳбат мекард ва ба саволҳои аъзои ҳакамон буррову бехато посух медод. Раъно Насриддинова дар даври вилоятии ин озмун дар вилояти Суғд ҳам “Шоҳҷоиза” – ро ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки барои ба даст овардани Шоҳҷоизаи озмуни мазкур дирӯз 5 нафар аз ғолибони ин озмун байни ҳам сабқат карда буданд. Ба гуфтаи масъулин, аз 12 нафаре, ки дар бахшҳои дигари озмун ғолиб шуда буданд, танҳо 5 нафар барои соҳиби Шоҳҷоиза шудан рақобат намуданд.
Аз миёни рақобаткунандагон Рухшона Норова, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент, Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Масчоҳ, Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ва Нӯшофарин Хидирова омӯзгор аз шаҳри Истиқлол, Раъно барандаи он шуд.
Нуралӣ Давлат, Мирсаид САТТОРИЁН,