Имрӯз, 17, 30 маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” Театри опера балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуд. Маросимро Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба робита бо ҷомеа кушода эълон намуд.
Дар ин Озмун 267 нафар дар даври ниҳоӣ иштирок карда, 12 нафар ба даври “Шоҳҷоиза” роҳхат гирифтанд. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мубориза барои «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи дон0ӣ китоб аст» баргузор гардида буд.
Ҳоло ҷоизасупорӣ идома дошта то кунун маълум нест, ки чанд нафар ва киҳо дар номинатсияҳои гуногун ғолиб дониста шуданд. Пештар баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Раъно Насриддинова соҳиби “Шоҳҷоиза” гардидааст.
Раъно Насриддинова дирӯз ҳангоми рақобат ба радиои “Тоҷикистон” гуфта буд, ки соли гузашта низ ман дар ин даври ифтихори мубориза бурдам, аммо сазовори “Шоҳҷоиза” нагаштам, аз ин рӯҳафтода нашуда, имсол низ иштирок кардам. Мақсад аз иштироки ман дар Озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст» ин “Шоҳҷоиза” гирифтан набуда, балки сазовори баҳои халқ гардидан аст.