Имрӯз 16 декабри соли 2020, чоршанбе, 351-умин рӯзи сол аст.
Обу ҳаво
Ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон тағйирёбандаи бебориш гуфта мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-9° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 9-14 хунук, рӯзона -4+1° мешавад. Дар шаҳри Бохтар шабона ҳаво тағйирёбанда, рӯзона ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 4+6° гарм мегардад. Ҳавои шаҳри Кӯлобро мутахассисони анетии обуҳавошиносӣ шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм пешгӯӣ мекунанд.
Дар қисмати шимоли Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад. Ҳаво дар шаҳри Хуҷанд тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 1-3° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ВМКБ-ро абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда арзёбӣ кардааст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 3-8° хунук, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 22-29° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 37-42 хунук, рӯзона 8-13° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук мешавад. Дар Хоруғ бошад, ҳарорати ҳаво шабона 12-14° хунук, рӯзона 4-6° хунук ва дар ноҳияи Мурғоб шабона 27-29° хунук, рӯзона 11-13° хунук мешавад.
Ҳаво имрӯз дар шаҳри Душанбе шабона ва саҳаргоҳон ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои камабри бебориш, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 13-15 хунук), рӯзона -2+3, (дар ноҳияи Лахш то 5-7 хунук) мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7329 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ муқаррар кардааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
– 16 декабри соли 1960 шаҳри Норак таъсис дода шуд. Дар китоби ҷовидонаи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ишора меравад, ки 9-7 ҳазор сол муқаддам, яъне замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурдаанд. Теъдоди калони бозёфтҳои ҳафриётӣ, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, мавриди омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд. Имрӯзҳо бошад, дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ бунёди 193 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор иншооти ҷашнӣ дар солҳои 2018, 2019 ва моҳҳои аввали соли равон беш аз 77 адади он сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ то фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 9 бинои маъмурӣ, 6 бинои таълимӣ, 7 адад иншооти табобатӣ, 10 адад иншооти варзишӣ, 8 адад иншооти фарҳангӣ ва боқимонда 153 адад иншооти дорои аҳамияти хизматрасонӣ-маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ва саноатӣ дар нақша дошта шудааст.
– Ҳамин рӯзи декабри соли 1899 клуби футболи “Милан” таъсис ёфт;
– Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.
– 16 декабри соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони “Дӯстии халқҳо“ таъсис дода шуд;