Ҷоизаи сулҳи Нобел имсол ба Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид (WFP) эҳдо гашт.
Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, имсол бо сабаби COVID-19 ин ҷоиза ба WPC дода шуд ва онро роҳбари ин барнома Дэвид Бисли қабул намуд. Ӯ дар ин маросим гуфт, ки Барномаи ҷаҳонии ғизо ин “масири сулҳ” аст ва кори мо баҳри мубориза бо гуруснагӣ коҳиши бесуботӣ дар кишварҳои ҷаҳон ва эҷоди сулҳу субот роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи Дэвид Бисли дар натиҷаи вазъи ноороми сайёра ва ҳаводиси вақтҳои охир беш аз 270 миллион нафар дар рӯйи ҷаҳон дар ҳолати қаҳтӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ин рақам 30 миллионашон ба кӯмакҳои 100%-ии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид ниёз доранд.