Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли нав дар 5 нуқтаи пойтахт ярмарка – фурӯши маҳсулотҳои ниёзи аввалия ташкил намудааст.
Бино ба маълумоти шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорат ярмаркҳо аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди «Бозори Саховат», Боғи «Куруши Кабир», бозори «Меҳргон», маҳаллаи «Қарияи боло», «Бозори Ховарон» гузаронида шуда истодаанд. «Маҳсулоти дар ярмарка-фурӯшҳои мазкур тару тоза буда, нархҳои он нисбат ба бозор арзон мебошад», – омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки сокинон метавонанд маҳсулоти лозимаи худро аз қабили гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равғани пахта, орд, шакар, нахуд, лубиё, мош, асал ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд. Аз ҷумла, дар ин нуқтаҳо тухм 1,00 сомонӣ ва гӯшти мурғ 23 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.