Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан дарахт шинониданд.
Тавре аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки дарахтони шинонидашуда аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам менамояд.
Бояд гуфт, ки дар ҳошияи иқдоми «Шаҳри сабз» дар пойтахт давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ, бошад, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.