Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар як муроҷиатномаи худ аз сокинони вилоят даъват кард, то баҳри боз ҳам равнақ бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ба “шаҳру ноҳияҳои сабз” табдил додани диёр саҳми шоистаи худро гузоранд.
Дар муроҷиатнома аз ҷумла омадааст: «Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон ин иқдомро ҳамчун намунаи олии меҳанпарастӣ дастгирӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки макони худро ба “шаҳру ноҳияҳои сабз” табдил диҳанд. Чунин иқдом бояд ба як ташаббус ё худ ҳаракати умумимиллӣ мубаддал гашта, ҳар як шаҳрванди ватандори тоҷик дар он фаъолона иштирок намояд».
Тибқи нақша дар вилоят шинонидани 418 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз он ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.