Ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва клуби футболи «Истиқлол» Шериддин Бобоев ба тими «Пенанг»-и Малайзия гузариш мекунад.
Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Инстаграми худ навишта, ёдовар шудааст, ки ба наздикӣ барои бастани шартнома бо дастаи «Пенанг» ба ин кишвар меравад. Ӯ дар идома аз президенти клуби «Истиқлол» ва дигар мураббиёну наздиконаш барои дастгириҳо сипосгузорӣ намудааст.
Дар ин замина, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки ниммуҳофизатгари дигари тими миллии Тоҷикистон Умарҷон Шарипов минбаъд дар дастаи “Турон”-и шаҳри Яйпани вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, ин варзишгари тоҷик 20 сол дорад ва ҳамзамон сарвони дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар буд. Ӯ ба дастаи «Турон» бар асоси шартномаи яксола аз моҳи январи соли 2021 гузариш мекунад. Гуфта мешавад, ки дастаи нави Умарҷон Шарипов мавсими гузашта қаҳрамони про-лигаи Ӯзбекистон гардида буд.